Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АЖРВТ ба Созмони байналмилалӣ қабул шуд


Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) пазируфта шуд.

Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси АЖРВТ, ин тасмим дар Конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС), ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011-ум дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Латифов, АЖРВТ 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Оинномаи АЖРВТ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми ноябри соли 2007-ум аз нав номнавис шудааст.

Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсия ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзиши ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Маълумотнома: Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) - ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзиши 155 кишвари ҷаҳон аъзои АИПС мебошанд. АИПС миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси АИПС 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ таҷлил мешавад. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти АИПС мебошад.
XS
SM
MD
LG