Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷунбиши "Эътимод" аз таъсиси худ дарак дод


Саҳифаи аввали сомонаи интернетии ҷунбиши "Эътимод"

Саҳифаи аввали сомонаи интернетии ҷунбиши "Эътимод"

Дар хориҷ аз Тоҷикистон ҷунбиши мардумие бо номи "Эътимод" таъсис ёфтааст.

Ҳадафи ин ҷунбиш ҷамъ кардани нерӯ ва сохтани афкори умум ба ҷонибдорӣ аз як номзади демократӣ дар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон будааст.
Аммо мақомот дар ин бора то ҳол иттилое надодаанд...


Ба қавли коршиносон, ин ҷунбиш аз саҳфаҳои сайти "тҷкнюс.ком" пайдо шудааст, ки дар он иддае роҳи табаддулот ва гурӯҳи дигар, муборизаи сиёсии сулҳомезро тариқи муттаҳид кардани мардумро пешниҳод мекарданд.

Худи сомонаи "тҷкнюс", ки як сол ба ин сӯ фаъолият дорад ва тирамоҳи гузашта масдуд шуда буд, ҳамчун як сайти мухолифи ҳукумати Тоҷикистон шинохта шудааст. Вале то ҳол дар бораи ин, ки онро киҳо гардонандагӣ мекунанд ва ин сомона аз куҷо роҳандозӣ шудааст, маълумоте нест.

Қабл аз ин, дар Русия ҷунбиши "Ватандор" таҳти сарварии Додоҷони Атовулло рӯи кор омада буд, ки низ ба ҷуз худи ӯ дар бораи дигар муассисони ин ҷунбиш то ба ҳол иттилое дода нашудааст.

Бо ин вуҷуд, дар оинномаи ҷунбиши мардумии "Эътимод" гуфта шудааст, ки қароргоҳи он дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Аммо мақомот дар ин бора то ҳол иттилое надодаанд.

Тафсилоти бештар дертар ва дар ҳамин ҷо нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG