Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Обама ба ширкат дар интихоботи соли 2012


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико

Раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки дар интихоботи соли 2012 номзадии худро бори дигар пешниҳод мекунад.

Вай бо такя ба ҳимояте, ки дар соли 2008 ӯро ба пирӯзӣ расонд, мехоҳад, дар як давраи дигари раёсатҷумҳурӣ барномаҳои худро барои анҷоми ислоҳот ва овардани тағйир такмил кунад.
Интизор меравад, ки то поёни ҳафтаи ҷорӣ Барак Обама ҳамаи асноди расмии заруриро ба Кумисюни Федеролии Интихоботӣ пешкаш кунад...


Рақибони Обама дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ низ ба омодагии худ барои ширкат дар интихоботи соли 2012 оғоз кардаанд. Аммо раисҷумҳури феълии Амрико умед дорад, ки комёбии маъракаи таърихии интихоботиаш дар соли 2008-ро такрор мекунад.

НОМАИ ОБАМА


Дар як номаи электронӣ, ки Барак Обама ба 13 миллион нафар ҷонибдоронаш фиристод, гуфтааст, иҷрои ҳамаҷонибаи барномаҳои густардаи ислоҳоти иҷтимоиву молиявӣ, ки вай оғоз кардааст, ба як давраи дигари раёсат ниёз дорад.

Вай гуфтааст, "медонистем, ки тағйир хеле зуд ва ба осонӣ ба даст намеояд. Дар баробари ин, ки аъзои ҳукумати ман ва гурӯҳҳои ташаббускор дар саросари Амрико барои ҳимоят аз пешрафтҳои ба дастовардаи мо мубориза мекунанд, мо бояд аз ҳоло барои интихоботи соли 2012 нерӯи худро сафарбар кунем, яъне хеле барвақттар аз маъракае, ки барои ман фаро мерасад."



Барак Обама ҳамчунин навори видеоии нахустин маъракаи худро дар сомонаи интернетиаш мунташир сохтааст. Дар ин навор ҷонибдорони вай, гурӯҳҳо ва афроди синну соли мухталиф аз саросари Амрико ба назар мерасанд.

"ОБАМА БАРОИ ИН КИШВАР АСТ"

Гладис аз иёлати ғарбии Невада мегӯяд, вай мехоҳад ба Обама чаҳор соли дигар мӯҳлат диҳад: "Ҳоло он қадр корҳои зиёде мавҷуд аст, ки бояд иҷро шавад ва мо мехоҳем ин корҳоро президент Обама ба поён расонад."

Дар маъракаи интихоботии соли 2008 аксар ҷавонони Амрико барои Обама раъй доданд ва акнун нозирони сиёсӣ мегӯянд, ки ҳимояти ин қишри ҷомеа аз Обама хеле муҳим аст.

Як ҷавон, ки дар навор нишон дода мешавад, худро “Майк” муаррифӣ карда ва мегӯяд: "Нерӯву тавонро мушоҳида кардам ва умед дорам, ки Обама барои ин кишвар аст. Бо вуҷуди он, ки ман натавонистам дар вақташ рай диҳам, вале медонам, ки рӯзе битавонам барои интихоби дубораи вай рай диҳам ва ин аст нақшаи ман."

ҲАДИСИ ЯК МИЛЛИАРД ДОЛЛАР

Як нафари дигар бо номи “Эд” дар навор мегӯяд, вай роҷеъ ба ҳар масъала бо Обама розӣ нест, вале ба вай эҳтиром дорад ва бовар мекунад.

Интизор меравад, ки то поёни ҳафтаи ҷорӣ Барак Обама ҳамаи асноди расмии заруриро ба Кумиссюни федеролии интихоботӣ пешкаш кунад ва баъд аз он ба таври расмӣ маъракаи интихоботиаш оғоз шавад.

Дастандаркорони маъракаи интихоботии Обама мегӯянд, ки барои пешбурди ин маърака онҳо як миллиард доллар пешбинӣ кардаанд. Дар маъракаи интихоботии соли 2008 Обама 750 миллион доллар сарф кард, ки он дар Амрико маблағи рекордӣ ба шумор рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG