Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби софи ошомиданӣ барои нисфи сокинони Душанбе


Дар шаҳри Душанбе дастгоҳи полоиши оби ошомиданӣ ба фаъолият оғоз кардааст ва ин дастгоҳ тақрибан нисфи сокинони пойтахтро бо оби софи ошомиданӣ таъмин мекунад. Дар маросими оғози фаъолияти ин дастгоҳи полоишӣ шаҳрдори Душанбе ба Бонки Ҷаҳонӣ изҳори сипос кард. Бонки Ҷаҳонӣ барои харидорӣ ва насби ин полоишгоҳ 2 миллион доллар дар ихтиёри шаҳрдории пойтахт гузоштааст. Дастгоҳ сохти Олмон аст ва бо кӯмаки коршиносони Олмон насб шудааст.
XS
SM
MD
LG