Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико аз ал Қоида дар Яман ҳушдор дод


Дирӯз Амрико ҳушдор дод, ки ал Қоида метавонад дар Яман аз халои ҳокимият истифода кунад ва ибтикорро ба даст бигирад. Амрико гуфтааст, интиқоли қудрат аз Алӣ Абдулло Солеҳ-раиси ҷумҳур бояд оғоз шавад. Ҷей Карней-сухангӯи Кохи Сафед ин нуктаро дирӯз иброз дошт. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии чанд ҳафтаи ахир бар зидди президент Солеҳ дар Яман бештар аз 50 нафар кушта шудааст. Солеҳ беш аз 32 сол дар сари қудрат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG