Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Қазоқистон: Пирӯзӣ ё худкомагӣ?


Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон

Пирӯзии Назарбоев метавонад раҳбарони кишварҳои минтақаро ба ҳифзи қудрат "дилгарм" кунад.

Аммо баъзе аз соҳибназарон мухолифи ин андеша буда, бовар доранд, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон наметавонад ба рӯҳу равони раҳбарони кишварҳои дигари минтақа таъсиргузор бошад.

Чунин амали президенти Қазоқистон ин боварро дар зеҳни раҳбарони дигари минтақа ҷой хоҳад дод, ки "агар хоҳам, метавонам бимонам"


Усмон Солеҳ, масъули бахши равобит бо ҷомеаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, мегӯяд, Назарбоев бо дарёфти 95 дарсади раъй ва ҳифзи курсии президентӣ барои як давраи дигар наметавонад намуна барои раҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳифзи қудрат бошад.

Вай афзуд, "фикр намекунам, ки натиҷаи ин интихоботи Қазоқистон ба кишварҳои дигари ҳамсоя таъсире дошта бошад. Ҳар як ҷумҳурӣ вазъи сиёсиву иҷтимоии худро дорад. Аз ин рӯ, фикр намекунам, ки ба Тоҷикистон таъсире дошта бошад. Зеро дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ ҳаст. Таъсири зиёд намерасонад."



"АГАР ХОҲАМ, МЕТАВОНАМ БИМОНАМ"

Муҳиддин Кабирӣ

Аммо бархе аз сиёсатмадорон ба ин боваранд, ки агарчӣ раисони кишварҳои дигари минтақа аз технологияи интихоботии Нурсултон Назарбоев барои идомаи қудрати худ кор нагиранд, вале чунин амали президенти Қазоқистон ин боварро дар зехни онҳо ҷой хоҳад дод, ки "агар хоҳам, метавонам бимонам."

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва вакили Мачлиси намояндагон мегӯяд, "Нурсултон Назарбоев гашти тактикии сиёсӣ намуд ва интихоботро ду сол барвақттар баргузор намуда, ҳузури сиёсии худро барои як давраи дигар ҳифз намуд. Аммо оё лидерони кишварҳои дигар аз наҳваи интихоботии Назарбоев барои идомаи қудрати хеш истифода хоҳанд кард, чандон мутмаин нестам. Аммо ин ки роҳбарони минтақа дар фикри тамдиди ҳукумати худ ҳастанд ё не, ҷои шак нест."

МАНФИАТ ВА ЗИЁНИ "ДАРОЗУМРӢ"


Исмоил Талбаков

Вале ба сурати умум, аксари ҳамсӯҳбатони мо ба ин назаранд, ки новобаста аз обрӯву нуфуз ва тавононии президент агар барои дарозмуддат дар курсии ҳукумат нишинад, барои пешрафти ҷомеаи солими демократӣ созгор набудааст.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, дар ниҳоят ин ҳукуматҳои давомдор хоҳу нохоҳ худкома шуда, ба ҳукуматҳои хонаводагӣ табдил мешаванд. Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунист, гуфт: "Ҳар як чиз, агар бисёр хубу ивазнашаванда ҳам бошад, дар як давраи муайян кӯҳна мешавад. Албатта, амале, ки имрӯз Назарбоев кард, имкон дорад президенти кишварҳои дигари минтақа ҳам дунбол кунанд. Метавонанд пурсанд, ки вай кард, чаро ман накунам? Таърихи садаи бист ва бисту як нишон дод, ки аз манфиати дарозумрии ҳукумат дида, зарарашон бисёр аст."

КУРСИҲОИ БИСТСОЛА


Нурсултон Назарбоев бо пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон бар иловаи 20 соли раёсатҷумҳурии худ боз панҷсоли дигар дар курсии президентии ин кишвар хоҳад монд.

Ислом Каримов раисҷумҳури Узбакистон низ 20 сол аст, ки дар курсии президентии Узбакистон нишастааст. Наздики 20 сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад

Дар ин миён танҳо дар Қирғизистон бар асари таҳаввулоти сиёсӣ раисҷумҳури ин кишвар се бор иваз шудааст.

НАЗАРИ КОРШИНОСОН ДАР НАВОРИ ВИДЕО:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG