Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Canog Energy нерӯгоҳи "Нуробод-1"-ро месозад


Дар ин бора "Сanog Energy" ва Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Бар асоси ин санади ҳамкорӣ, ширкати канадагӣ ба таври ҷиддӣ тасмим гирифтааст, ки дар бунёди нерӯгоҳи барқӣ- обии "Нуробод - 1" бар фарози рӯдхонаи Хингоб ширкат кунад.

"CANOG ENERGY" НЕРӮГОҲ МЕСОЗАД

Ин дуввумин сафари ҳайате аз масъулони ширкати «Сanog Energy» ба Тоҷикистон аст. Нахустин боздиди масъулони ин ширкат дар ду моҳе қабл сурат гирифта буд. Он замон Стюарт Скваер, раиси ширкати «Сanog Energy» эълом карда буд, ки ширкаташ барои сармоягузорӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сармояи кофӣ дар ихтиёр дорад.

Аммо ҳамакнун он гуна, ки Мукаммал Одинаева, сухангӯи Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳайат бо тасмими ҷиддӣ ва он ҳам сармоягузорӣ дар арсаи энержӣ, ба хусус бунёди неругоҳи барқӣ -обии "Нуробод -1" ба Тоҷикистон омада буданд. Вай гуфт: «мақсади ин ширкат сохтмони нерӯгоҳи "Нуробод- 1" ва ҳамчунин корҳои иктишофӣ ҷиҳати коркард ва истихроҷи нафгу газ аст. Ҳоло ТЕО ва ё санади фаннӣ -иқтисодии нерӯгоҳро омода карда истодаанд ва бо вазорати энергетика ва саноат ҳамкориро идома медиҳанд. Нияти ширкат қатъӣ аст».

ҶИРГАТОЛ ЧАРОҒОН МЕШАВАД

Ин аст, ки дар поёни дидори масъулони ин ширкат бо Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар ин замина ба имзо расидааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси созишномаи ҳамкорие, ин ширкат бо «Барқи Тоҷик» дар моҳи январи соли ҷорӣ ба имзо расонид, тааҳҳуд карда буд, ки се нерӯгоҳи кӯчаки барқиро бар фарози рӯдхонаи Сурхоб, дар шарқи Тоҷикистон бо иқтидори наздик ба 23 мегават бунёд хоҳад кард. Иқтидори ин нерӯгоҳҳои кӯчак ҳудуди 23 мегават аст, ки дар сурати маврид баҳрабардорӣ, аҳолии ноҳияи Ҷиргатол комилан бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд.

Аммо тавони нерӯгоҳи барқи обии "Нуробод -1" ба маротиб аз ин се нерӯгоҳ бештар аст ва тасмими қатъии ширкати «Сanog Energy» ва шариконаш барои сохтмони он дар ҳолест, ки Эрон, Қазоқистон ва Чин низ омодаанд, то дар бунёди он саҳмгузор бошанд.

ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОН ВА РАҚОБАТИ ХОРИҶИҲО

Ҳарчанд баъзеҳо рақобатҳо миёни ширкатҳои мухталифи ҷаҳониро омили мушорикати онҳо барои иҷрои лоиҳаҳои энержӣ дар қаламрави Тоҷикистон медонанд, аммо Сафари Абдулаҳад, бар ин бовар аст, ки поёни ҷанги панҷсолаи дохилӣ ва ба марҳалаи нав ворид шудани Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷиро водор кардааст, то сармояи худро дар иқтисоди ин кишвар бирезанд, «албатта ширкатҳо ҷоеро мекобанд, ки орому осуда бошад ва фазои кор кардан барояшон фароҳам бошад. Дар ҳоле, ки хориҷиён медонанд, ки Тоҷикистон дорои захоири бойи обу энержӣ ва маодин ҳаст. Ин аст, ки пас аз соли 2000, ширкатҳои хориҷӣ талош доранд, то дар иқтисоди ин кишвар саҳмгузор бошанд ва албатта суде ҳам бардоранд».

УЗБАКИСТОН ҲАМОНО МУХОЛИФАТ МЕКУНАД

Ин дар ҳолест, ки шарқи Тоҷикистон аз манотиқест, ки бештарин нооромиҳо дар даврони ҷанги дохилӣ ва пас аз он доштааст. Ҳатто соли гузашта низ ин минтақа шоҳиди нооромиҳо гардида буд. Аммо захоири обии ин минтақа, ба хусус рӯдхонаҳои Сурхобу Хингоб аз дигар минтақаҳо камӣ надоранд. Дар ҳар сурат чӣ боис шудааст, ки ширкатҳои хориҷӣ алоқамандии худро барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ дар ин минтақа нишон медиҳанд. Давлатмурод Ҷуъаев, иқтисоддони тоҷик дар ин маврид мегӯяд: «сабаби асосӣ иртибот мегирад ба мухолифати Узбакистон дар иҷрои лоиҳаҳои энергетикӣ дар рӯдхонаи Зарафшон. Чун ҳар кишваре ва ширкате, ки мехоҳад чунин тарҳҳоро дар ин рӯдхонаи шимоли Тоҷикистон амалӣ созад, Узбакистон ҳатман вокуниш нишон медиҳад ва ҳатто алайҳи ҳукуматҳои онҳо. Ба ин далел ин ширкатҳо минтақаи шарқро муфидтар медонанд».

Бархе аз ширкатҳо, ба вижа ширкатҳои чинӣ ва русӣ дар ибтидо мехостанд то дар сохтмони нерӯгоҳҳои миёна ва бузург бар фарози рӯдхонаи Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон мушорикат дошта бошанд. Аммо мухолифати Узбакистон ба иҷрои чунин тарҳҳо ин кишварҳоро аз мақсадашон гардонид. Ҳатто Узбакистон барои иҷрои тарҳҳои "Нуробод- 1" ва "Нуробод -2", ки Чин мехост бисозад, фишор овард. Ҳамакнун Эрон эълом кардааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ - обии «Айнӣ» дар рӯдхонаи Зарафшон ва «Нуробод- 1» ва «Нуробод- 2» дар рӯдхонаи Хингобро бисозад.
ТОҶИКИСТОН ВА МУШКИЛОТИ БЕБАРҚӢ

Иқтидори «Нуробод -1» 350 мегават буда ва тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, барои сохтмони он маблағи 450 миллион доллар сармоя зарур аст. Мутахассисони энержии Тоҷикистон тавлиди солонаи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳро беш аз 2 миллиард киловат соат арзёбӣ кардаанд.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба он, ки «Сanog Energy» аз ширкатҳои доро ва бонуфуз маҳсуб мешавад, метавонад ин нерӯгоҳро бисозад ва то андозае камбуди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистонро дар Тоҷикистон бартараф кунад. Зеро тибқи иттилои масъулони энержиии Тоҷикистон, мизони норасоии нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон беш аз 3 миллирад киловат соатро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG