Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон маҷрои оби олударо ба дарё боз кард


Бино ба гузоришҳо, Ҷопон маҷрои 11 ҳазор тонна оби олуда ба мизони ками маводи радиоактив аз нерӯгоҳи барқи атомии Фукушимаро ба дарё боз кардааст, то барои нигаҳдории партобҳои хатарноки ҳастаӣ ҷой пайдо кунад. Ба гуфтаи сухангӯи Оҷонси амнияти ҳастаии Ҷопон, дар шароити муқаррарӣ оби олударо қабл аз рехтан ба дарё пок мекунанд, аммо Юкио Эдано, сухангӯи ҳукумат гуфтааст, “илоҷе ба ғайр аз рехтани оби олуда ба дарё надоранд”. Нерӯгоҳи Фукушима бар асари заминларза ва сунамии харобиовари се ҳафта пеш сахт осеб дид ва мақомот талош доранд, аз фалокати бузургтаре дар он ҷилавгирӣ кунанд. Мақомоти Ҷопон мегӯянд, барои поён додан ба ихроҷи маводи хатарноки радиоактив, ки обу ҳавову замини атрофи нерӯгоҳро олуда кардааст, зоҳиран моҳҳо зарур хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG