Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи Қаззофӣ вориди Туркия мешавад


Қарор аст, як фиристодаи Либия барои идомаи музокирот дар мавриди поён додан ба ҷанги нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ бо шӯришиён вориди Туркия шавад. Пештар аз ин Итолиё ба сафи кишварҳое пайваст, ки Шӯрои мувақаттии Либияро ба расмият шинохтаанд. Абдулотӣ Убайдӣ, муовини вазири умури хориҷии Либия, ки рӯзи якшанбе бо Димитрис Дроутсас, вазири умури хориҷии Юнон мулоқот дошт, имрӯз аз шаҳри Афина вориди Туркия мешавад. Тазоҳуротҳои зиддавлатӣ барои истеъфои Муаммар Қаззофӣ моҳи гузашта ба ҷанги хунине ба миёни шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ печид, ки бештар аз 40 сол аст, дар Либия ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG