Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Яман ба хунрезӣ печид


Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар як шаҳри ҷанубии Яман маъмурони пулис як нафарро куштанд. Бино ба гузоришҳои таъйидношуда, вақте ҳазорон нафар тазоҳургар хостаанд, вориди қароргоҳи ҳукумати шаҳри Таиз шаванд, маъмурони пулис ба рӯи онҳо оташ кушодаанд ва чанд нафарро ҳам захмӣ кардаанд. Аз ин пештар дар шаҳри Ҳудайда, дар соҳили Баҳри Сиёҳ, пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон, ба ҳаво оташ кушода ва аз гази ашковар истифода кард, ки дар натиҷа чандин нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ҷараёни тазоҳуротҳои чандҳафтаина алайҳи Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман, ки 32 сол боз ҳукумат мекунад, бештар аз 50 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG