Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина пули "радиоактив" ёфтанд


Нозирони гумруки Украина мегӯянд, як бастаи пулеро аз як мошин кашфу забт карданд, ки аз он баста радиатсияи аз меъёри муқаррарӣ зиёд хориҷ мешуд. Ин ҳодиса дар посгоҳи гумрукии Юкановка дар минтақаи Сумӣ дар миёни марзи Украина ва Русия сурат гирифтааст. Нозирони гумрук, мошини як украиниеро боздоштаанд, ки аз Русия бармегаштааст ва дар мошини ӯ як лифофаи пур аз пулро ёфтаанд, ки олуда ба маводи радиоактив будааст. Чӣ қадар ва пули кадом кишвар будани онро нагуфтаанд. Мутахассисони украинӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтаанд.
XS
SM
MD
LG