Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб аз рӯи кушта шудани ду сарбоз дар дидбонгоҳи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Зоиршо Ғуломов, додситони ҳарбӣ дар ин минтақа бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, феълан муфаттишон дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва чӣ тавр сурат гирифтани онро таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси нақли шоҳидон, сарбози аввал ҳамхизмати худро парронда сипас қасд ба ҷони худ кардааст, ки дар натиҷа ҳарду дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд.

Ғуломов мегӯяд: “Ҳоло тафтиш идома дорад. Тавре шоҳидон гуфтаанд, ҳарду сарбоз бо ҳамдигар рафиқи наздик будаанд. Чаро ба чунин кор даст задаанд, ҳоло номаълум аст. Аз рӯи гуфтаи шоҳидон, ин шояд тасодуфан рӯй дода бошад”.

Аммо хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли як манбаъи худ навиштааст, ин ҳодиса баъди моҷаро байни ду сарбоз ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, Исмоил Илёсови 20-сола баъди қатли ҳамхидмати худ Саймурод Олимқулов, худкушӣ кардааст. Ҳарду зодаи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд будаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб ин дуввумин ҳолати ҳалокати сарбозон аст. Моҳи январ дар пайи як ҳамлаи қочоқбарон, ду сарбоз дар ноҳияи Шӯрообод ба ҳалокат расида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG