Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду посбони марзи Тоҷикистон


Додситонии низомии минтақаи Кӯлоб ба таҳқиқи қазияи тирандозӣ ва марги ду сарбози як воҳиди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пардохтааст. Зоиршо Ғуломов, додситони низомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як сарбози воҳиди низомӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ баъди ба гуфтаи ӯ, тасодуфан куштани ҳамхидматаш аз тарс худкушӣ кардааст. Ӯ афзуд: Аввал ун солдатро парондаст, баъд худашро парондаст. Ҳарду дар як ҷо будаанд, дӯст будаанд. Мо кори ҷиноятӣ оғоз кардем, тафтиш мебарем.” Аммо хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли як манбаъи худ навиштааст, ин ҳодиса баъди моҷаро байни ду сарбоз ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, Исмоил Илёсови 20-сола баъди қатли ҳамхидмати ҳамсола Саймурод Олимқулов худкушӣ кардааст. Ҳарду зодаи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд будаанд.
XS
SM
MD
LG