Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот алайҳи сӯхтани алайҳи сӯхтани Қуръон


Дар Афғонистон имрӯз тазоҳурот алайҳи сӯхтани китоби Қуръон аз тарафи як роҳиби амрикоӣ идома кард. Тазоҳуротҳои хушунатбор аз чаҳор рӯзи пеш шурӯъ шуд ва имрӯз дар шаҳри Меҳтарлам дар маркази вилояти шарқии Лағмон идома ёфт. Чандсад тазоҳургар имрӯз дар ин шаҳр ҷамъ омада ба сӯи қароргоҳи пулис санг андохтанд ва онҳо барои пароканда кардани тазоҳургарон ба ҳаво оташ кушоданд. То кунун дар ин тазоҳуротҳо дар Афғонистон 22 нафар аз ҷумла ҳафт корманди хориҷии Созмони Милал кушта шуданд. Як рӯҳонии як калисои хурди ношинос дар Амрико рӯзи 20 март як нусхаи китоби Қуръонро оташ зад, ки ин боиси хашми мусулмонон дар Афғонистон шуд.
XS
SM
MD
LG