Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Казинои "Шангрӣ Ла"
Казинои "Шангрӣ Ла"

Шаҳрванди Тоҷикистон, Умед Низомов, дар минтақаи марзии Суғду Бодканд кушта шудааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Низомов дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомии қирғиз барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст.

Аммо Ваҳҳоб Бобоев, падари Умед Низомов, мегӯяд, аз шарҳи мақомоти қирғиз қонеъ нест. Вай бо сардори милисаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон вохӯрӣ ва сӯҳбат доштааст.

"Ба ман на маводи мухаддирро нишон доданд ва на чизи дигар. Гуфтанд, ки бачаат милисаи моро корд зад ва бачаҳои мо ӯро парониданд. Ман ҳозир писарамро ба қабр мондам"
,-илова кард ӯ.

Ба қавли мақомоти қирғиз, дар амалиёти мазкур як полиси қирғиз аз захми корд ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, манбаи мӯътамаде аз мақомоти интизомии Суғд гуфт, ҷониби Қирғизистон онҳоро аз роҳандозии ин амалиёт огоҳ карда, дар боздошти автомобили бидуни рақами давлатӣ аз ҷойи ҳодиса ғайбзада кӯмак хостаанд.
Паси пардаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир боздоштҳои беасоси шаҳрвандони ин маҳали наздимарзӣ низ аз ҷониби милисаҳои ҳар ду ҷониб зиёд рух медиҳад...


Аммо ба ҷиҳати мушаххас набудани нишонаҳои автомобил он то ҳол дарёфт нашудааст. Ба қавли ҳамин манбаъ, кормандони интизомии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро аз боздошти як шаҳрванди дигари ин кишвар Абдулмаҷид Ғуломносиров, сокини шаҳри Чкалов бо як кило маводи мухаддир ва ба шаҳри Ӯш интиқол додани ӯ, низ дар ҷараён гузоштаанд.

Манобеи огоҳ аз қазия мегӯянд, милисаи қирғиз панҷ сокини Суғдро дастгир карданд. Вилояти Суғд бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳудуди 270 километр марзи муштарак доранд ва дар минтақаи Бобоҷон Ғафуров роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом маҳалҳои тоҷикону қирғизҳоро аз ҳам ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, бинобар боз будани хатти марз ва вуҷуди роҳҳои бидуни назорат қочоқгарон ин маҳали наздисарҳадиро чун роҳи аслии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба ду самт истифода мекунанд.

Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, чун мақомоти тоҷику қирғиз ҳуқуқи фаъолият танҳо дар қаламрави кишвари худро доранд, гоҳе амалиётро якҷоя анҷом медиҳанд. Аммо аз нигоҳи ин коршинос, паси пардаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир боздоштҳои бидуни асоси шаҳрвандони ин маҳали наздимарзӣ низ аз ҷониби милисаҳои ҳар ду ҷониб зиёд рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG