Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳурматиҳои "мутаассибона" ва қатлҳои "шармовар"


Барак Обама сӯзонидани Қуръонро амале "мутаассибона" ва кушторҳо дар вокуниш ба ин иқдомро "шармовар" хонд.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", раисҷумҳури Амрико дар баёнияе, ки аз сӯи Кохи Сафед мунташир шуд, гуфт: "Беҳурматӣ ба ҳар матни муқаддас, аз ҷумла "Қуръон", нишонаи набудани ҳаргуна таҳаммулпазирӣ ва амали мутассибона аст."

Вай афзуд, "Дар айни ҳол ҳамла ва куштани афроди бегуноҳ дар посух ба ин амал низ коре шармовар ва муғойир ба шараф ва обрӯи инсонӣ аст!"

Рӯзи ҷумъа, якуми апрел, ҳазорон нафар дар эътироз ба сӯзонида шудани Қуръон ба дасти Терри Ҷонс, кашиши амрикоӣ, ба дафтари Созмони Милал дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳамла карданд ва наздик ба 20 нафар аз коркунони онро ба қатл расониданд. Бар пояи гузоришҳо, ҳангоме ки мӯътаризон ба дохили бинои СММ роҳ ёфтанд, сари ду нафар аз коркунони хориҷиро низ буриданд.



Барак Обама дар вокуниш ба ин рӯйдод мегӯяд, "ҳеҷ дине куштор ва сар буридани афроди бегуноҳро қабул надорад ва далеле барои чунин амали зишт ва асафборе вуҷуд надорад. Акнун вақти он расида, ки то ба муштараке, ки бо инсоният дорем руҷӯъ кунем, инсонияте, ки намунаи боризи онро метавон дар коркунони СММ, ки дар роҳи кӯмак ба мардуми Афғонистон ҷони худро аз даст доданд, мушоҳида кард."

Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки эътирозҳо дар Афғонистон ба иқдоми Терри Ҷонс рӯзи якшанбе низ барои севумин рӯз идома ёфт ва дар ҷараёни эътирозҳои ин рӯз, дастикам як нафар кушта ва 16 тан захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин эътирозҳо дар вилояти Қандаҳор рух дод ва бар асари ин эътирозҳо ду маъмури пулис низ маҷрӯҳ шудаанд.

Рӯзи шанбе, дувуми апрел, низ дар ҳамин робита Кобул шоҳиди як ҳамлаи интиҳорӣ буд ва дар шаҳри Қандаҳор низ дар ҷараёни як тазоҳурот дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG