Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Индонезия ҳушдори сунамӣ лағв шуд


Субҳи имрӯз дар ҷазираи Ҷаваи Индонезия зилзила рух дод. Шиддати он 7,1 дараҷаи ҷадвали Рихтеро ташкил дод. Мақомоти расмӣ аз сунамӣ ҳушдор доданд ва аҳолӣ худро ба нуқоти баландтар расонданд. Вале баъдтар ҳушдори сунамӣ лағв шуд ва танҳо мавҷҳои бузург ба соҳил расид. Зилзилашиносони Индонезия гуфтанд, маркази зилзила дар 300 километрии ҷануби ғарби Силакап дар 10 километрии умқи уқёнуси Ҳинд будааст.
XS
SM
MD
LG