Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 5 зоир дар ҳамла ба мазори сӯфиён


Имрӯз бар асари таркиши ду бомб дар як мазори сӯфиён дар вилояти Панҷоби Покистон дастикам 5 нафар кушта ва беш аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла дар ҳошияи мазори Сахӣ Сарвар дар ноҳияи Дараи Ғозихон рух дод. Дар ин мазор ба хотири таҷлил аз мавлуди валие, ки ҷанозааш дар ин ҷо хок шудааст, ҳазорон зоир гирд омада буд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамла интиҳорӣ буд ё на. Ҷангиёни исломӣ тафсири сӯфиёнаи Исломро намепазиранд ва дар ин авохир алайҳи пайравони ин ҷараён чандин ҳамла анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG