Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интихоботии Қазоқистон мегӯянд, 2 соат қабл аз анҷоми раъйдиҳӣ дар интихоботи пеш аз вақти раёсати ин ҷумҳурӣ мизони ширкати мардум алакай 84 дарсад шудааст, ки назар ба 76,8 дарсади интихоботи қаблӣ бештар аст. Интихоботи имрӯза зоҳиран ин навбат ҳам боз як давраи панҷсолаи раҳбариро дар ихтиёри раҳбари кунунии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хоҳад гузошт. Назарбоеви 70-сола 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад.
Се номзади дигар нуфузи чандоне надоранд ва яке аз онҳо – Мелс Элюсизов ҳатто гуфт, ки худи ӯ ҳам ба Назарбоев раъй додааст. Мухолифин ин интихоботро таҳрим карданд. Қазоқистон то кунун ягон интихоботе доир накардааст, ки аз сӯи нозирони хориҷӣ озоду одилона арзёбӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG