Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси дахолати Эрон дар умури халиҷи Форс


Ошӯбҳои Баҳрайн як намунаи дахолати Эрон арзёбӣ мешавад
Ошӯбҳои Баҳрайн як намунаи дахолати Эрон арзёбӣ мешавад
Вазирони хориҷаи кишварҳои халиҷи Форс имрӯз дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, мавзӯъи дахолати Эрон дар минтақаро баҳс мекунанд. Равобити Теҳрон бо ҳамсояҳояш дар ҳафтаҳои охир ба маҳзи пуштибониаш аз ошӯбҳои ахир дар ҷаҳони Араб, ки бархе низомҳои шоҳии халиҷ, чун Баҳрайну Кувайт ва Саудияро низ фаро гирифт, ба таниш печидааст. Дабири кулли Шӯрои ҳамкории халиҷ Абдуллатиф Заёнӣ рӯзи шанбе гуфт, ки Эрон “ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад.” Вазорати хориҷаи Эрон имрӯз гуфт, таниши Теҳрон бо ҳамсояҳои арабаш натиҷаи “тавтиъаи Ғарбу саҳюнистҳост”, ки мехоҳанд “дар миёни кишварҳои мусалмон тухми нифоқ бикоранд.” Шӯрои ҳамкории халиҷ Саудия, Кувайт, Баҳрайн, Умон, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабро фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG