Пайвандҳои дастрасӣ

Асад сарвазири нави Сурияро таъйин кард


Башор Асад ба рӯзҳои сахте рӯбарӯ шудааст

Башор Асад ба рӯзҳои сахте рӯбарӯ шудааст

Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад вазири собиқи кишоварзӣ Одил Сафарро сарвазири ҷадид таъйин кард. Телевизиони давлатии Сурия гуфт, Асад бо судури як фармон ташкили кобинаи ҷадидро ба Одил Сафар супурд. Ӯ дар ҳукумати қаблӣ, ки ҳафтае пеш ба хотири таскин додани эътирозҳо ба истеъфо фиристода шуд, вазири кишоварзӣ буд. Сурия дар ин авохир ба мавҷи эътирозҳо алайҳи ҳукумати 11-солаи Башор Асад рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG