Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Қандаҳор ду пулис кушта шуд


Эътирози рӯзи шанбе дар Қандаҳор
Эътирози рӯзи шанбе дар Қандаҳор
Имрӯз дар Қандаҳори Афғонистон, дар рӯзи дуввуми эътирозҳо алайҳи “Қуръон”-сӯзӣ дар як калисои кӯчаки амрикоӣ ду маъмури пулис кушта ва 20 нафар, бо шумули 2 кӯдак, захмӣ шуданд. Дирӯз дар эътирози Қандаҳор 10 нафар ҷон бохта буд. Ба гуфтаи мақомот, дар Ҷалолобод низ имрӯз чунин эътироз доир шудааст. Аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ дар Афғонистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонҳо беш аз 20 нафар, бо шумули 7 корманди СММ дар Мазори Шариф, кушта шуданд. Сухангӯи СММ аммо гуфт, СММ қасди кӯчондани ҳайъаташро надорад, вале рӯи тақвияти тадобири амниятӣ фикр мекунад. Ҷангиёни толиб аз мардум даъват кардаанд, ба эътирози худ идома диҳанд. Аммо роҳиби ифротгарои масеҳӣ Террӣ Ҷонс, ки “Қуръон”-ро дар моҳи март бо ҳидояти ӯ оташ заданд, қатлҳои ахир дар Афғонистонро фоҷиа хонд, вале гуфт, масъулияташ бар тундравони исломист, на бо ӯ.
XS
SM
MD
LG