Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Петербурги Русия


Шаҳрдори кунунии Петербург Валентина Матвиенко
Шаҳрдори кунунии Петербург Валентина Матвиенко
Имрӯз ҳудуди 700 нафар, бо шумули аъзои ҳизби Яблоко ва ҳатто ҳизби рӯ ба давлати Русияи одил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия алайҳи нокомии мақомоти маҳаллӣ дар амри ҳифзи сокинон аз офоти фасли сармо ва ҳифзи мавзеъҳои таърихии шаҳр аз сохтмонҳои ҷадид эътироз карданд. Дар фасли сармо ба иллати рехтани шӯшаҳои ях дар Петербург 5 нафар, бо шумули 2 кӯдак, ҳалок шуданд. Сабаби дигари қаҳри мардум аз мақомоти шаҳр дархости ду моҳи пеши онҳо аз давлати Русия шуд, ки Петербургро аз феҳрасти маконҳои таърихӣ берун карда, дасти ширкатҳои сохтмонӣ барои тахриби биноҳои қадим дар маркази таърихии шаҳрро дароз кунад.
XS
SM
MD
LG