Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев президенти Қазоқистон боқӣ мемонад


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев дар интихоботи пеш аз мӯҳлати перезидентӣ 95,5 дарсади раъйи мардумро ба даст овард.

Сафорати Қазоқистон дар Душанбе низ мегӯяд, бештари шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба ҷонибдории Нурсултон Назарбоев раъй додаанд.

Ба қавли манобеи ин сафорат, дар маъракаи овоздиҳӣ 150 нафар, аз ҷумла коркунони сафорат ва аҳли хонаводаи онҳо, донишҷӯёну тоҷирони қазоқ раъй додаанд.

Се номзади дигар низ дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Қазоқистон ширкат доштанд, вале ҳамаи онҳо аз хати маши Назарбоев ҷонибдорӣ карда, ширкати онҳо дар интихобот рамзӣ буд.

Нерӯҳои сиёсии мухолиф интихоботро бойкот карданд ва дар он ширкат наҷустанд. Онҳо интихоботро навъе саҳнасозӣ номиданд, ки заминаи панҷ соли дигари ҳокимияти Назарбоевро фароҳам меорад.

Назарбоев аз солҳои фурӯпошии Шӯравӣ ҳамакнун 20 сол дар сари қудрат қарор дорад. Хабаргузории Ассошиейтед-Пресс дар бораи баъзе шикоятҳо роҷеъ ба тақаллуб дар интихобот гузориш додааст. Интизор меравад, ки нозирони интихоботии САҲА имрӯз дар бораи наҳваи баргузории интихобот гузориши худро мунташир созанд.

Қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Қазоқистон субҳи якшанбе, севуми апрел, дарҳои худро ба рӯи мардуми воҷиди шароити раъй таҳти навои гимни миллии ин кишвар боз карданд.



Албатта, шеваи беҳтарин барои ифтитоҳи раъйдиҳии имрӯза, ки бидуни кадом шакк, бо пирӯзии Назарбоев анҷом хоҳад ёфт, ҳамин буд. Зеро Нурсултон Назарбоев ҳам расман яке аз муаллифони матни таронаи миллии Қазоқистон шинохта мешавад.

Гузоришҳо дар бораи райъдиҳии фаъоли мардум низ акнун ҳар навъ шубҳа ба пирӯзии Назарбоевро аз байн мебардорад. Мақомоти интихоботии Қазоқистон аллакай дар нимаи рӯзи якшанбе эълон карданд, ки мизони мушорикати мардум дар интихобот болиғ аз 66 дарсад шудааст.

Сухангӯи Кумисюни интихобот Владимир Фоос, гуфт, чунин мизони мушорикати мардум дар раъйдиҳӣ ҳатто дар интихоботи соли 2005 дида нашуда буд.

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев ҳам, ки баъд аз раъйдиҳӣ дар яке аз қитъаҳо бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, нисбат ба пирӯзиаш дар интихобот хеле мутмаин ба назар мерасид. Ӯ гуфт: "Фикр мекунам, ки мо ҳама якҷоя барои субот дар ҷомиаи мо, барои дӯстии байни ин ақвом ва барои ояндаи худу фарзандони худ райъ хоҳем дод."

Бисёри раъйдиҳандагон, бахусус мардуми бознишастае, чун Андрей Лазовскийи 89-сола ё Сидоя Собироваи 76-сола ба хабарнигорон гуфтаанд, ки раъйи худро ба хотири ҳифзи субот ба Назарбоев додаанд.

Ҷараёни раъйдиҳӣ дар Алмаато
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00


Мухолифин қазоқ тасмими шитобзадаи давлати Назарбоев барои баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлатро ба чолиш кашида, аз пешбарии номзади худ даст кашиданд.

Насибҷони Амонӣ
Аммо се нафаре, ки худро расман номзад карданд, бештар ба як мубаллиғи Назарбоев мемонанд, то ба рақиби ӯ. Яке аз онҳо Мелс Элюсизов ҳатто иқрор кард, ки худи ӯ ҳам рӯзи якшанбе ба Назарбоев раъй додааст.

Ҳайъати нозирони САҲА, қарор аст, хулосаи худ дар бораи интихоботи Қазоқистонро рӯзи душанбе эълон кунад.

Аммо мо инҷо меравем ба сӯҳбати Насибҷони Амонӣ, хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ дар Алма-Ато ва аз ӯ мехоҳем, то фазои интихоботии Қазоқистонро барои мо тасвир кунад.
XS
SM
MD
LG