Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози ҷадид алайҳи роҳи пулакӣ


Эътироз дар Ҳушёрӣ

Эътироз дар Ҳушёрӣ

Имрӯз ҳудуди 30 тан аз сокинони ду рустои ноҳияи Варзоб дар канори гузаргоҳи Ҳушёрии роҳи пулакии Душанбе –Хуҷанд ташкили эътироз кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки аз сӯи мақомот ба далели напардохтани пули роҳ ба маблағҳои ҳангуфт ҷарима шудаанд, ки ба эътиқоди эътирозгарон, мухолифи тавофуқоти қаблӣ бо масъулони IRS, ширкати масъули ситодани ҳаққи ин роҳи пулакист. Масъулони ширкат дар посух гуфтаанд, барои як моҳ ҳаққи убури роҳро барои сокинони ин рустоҳо пойин хоҳанд бурд. Роҳи Душанбе-Хуҷанд бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1 апрели соли гузашта пулакӣ шуд ва масъулияти пулчиниаш ба IRS, ширкате, ки дар Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст, супурда шуд.
XS
SM
MD
LG