Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони Русия аз курсиҳои "равғанӣ" маҳрум мешаванд


Игор Шувалов

Игор Шувалов

Давлати Русия гуфт, омода ҳаст, дар шӯрои мудирони ширкатҳои бузурги давлатӣ аъзои кобина ва мансабдорони дигари баландпояро бо мудирони мустақил иваз кунад. Муовини сарвазири Русия Игор Шувалов гуфт, мақомоти давлатие, ки феълан узви шӯрои мудирони ширкатҳои давлатӣ низ мебошанд, бояд то 1 июл бозхонд шаванд. Ахиран раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба хатми “нуфузи беш аз ҳадд”-и ширкатҳои давлатӣ бар фазои сармоягузории ин кишвар даъват кард. Акнун аз ҷумла муовини сарвазир Игор Сечин бояд аз шӯрои мудирони ширкати “Роснефт” ва вазири энержии Русия Сергей Шматко - аз шӯрои ҳуккоми “Газпром” берун шаванд.
XS
SM
MD
LG