Пайвандҳои дастрасӣ

Пойбандии чирикиҳои Либия ба ҳимоят аз НАТО


Чирикиҳо дар Аҷдобия

Чирикиҳо дар Аҷдобия

Чирикиҳои Либия мегӯянд, бо вуҷуди ҳалокати 13 чирикӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи ҷумъаи нирӯҳои эътилоф ҳамчунон аз амалиёти таҳти фармони НАТО алайҳи нирӯҳои содиқ ба ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ пуштибонӣ мекунанд. Чирикиҳо ҳамлаи ҳавоии пурқурбонии шаби ҷумъаро “як ҳодисаи нохуш” ба қалам дода, бар ин боваранд, ки он ҳамла дар пайи ба сӯи ҳаво тир андохтани як чирикӣ анҷом шудааст. НАТО мегӯяд, мавриди ҳамла ба корвони чирикиҳоеро, ки аз Аҷдобия ба Бурайқа мерафт, таҳқиқ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои Қаззофӣ пешниҳоди оташбаси чирикиҳоро радд карданд. Сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим ин пешниҳодро “аҳмақона” номид ва гуфт, давлати Қаззофӣ аз шаҳрҳои ин кишвар берун нахоҳад рафт. Нирӯҳои Қаззофӣ, бино ба хабарҳо, имрӯз низ ба бомббори Мисрота, бузургтарин пойгоҳи чирикиҳо дар ғарби Либия, идома додаанд.
XS
SM
MD
LG