Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои ҷадид дар Қандаҳор ва Ҷалолобод


Эътирози рӯзи шанбе дар Қандаҳор
Эътирози рӯзи шанбе дар Қандаҳор
Эътирозҳо дар Қандаҳори Афғонистон алайҳи “Қуръон”-сӯзӣ дар як калисои кӯчаки амрикоӣ имрӯз аз сар гирифта шуд. Садҳо нафар бо шиорҳои “Марг ба Амрико!” ва “Марг ба Карзай!” ба кӯчаҳои Қандаҳор рехтанд. Дар Ҷалолобод низ имрӯз чунин эътироз доир шуд. Бино ба хабарҳо, эътирози имрӯза ба фарқ аз тазоҳуроти дирӯза дар Қандаҳор, ки 10 кушта ба ҷо гузошт, сулҳомез гузашт. Ҷангиёни толиб низ дар як баёния нирӯҳои давлатиро масъули ҳар навъ хушунат номида, аз афғонҳо даъват кардаанд, то ба эътирозҳо идома диҳанд.
Аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ дар Афғонистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонҳо беш аз 20 нафар, бо шумули 7 корманди СММ дар Мазори Шариф, кушта шуданд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳам таҳқири “Қуръон” ва ҳам хушунатҳо дар Афғонистонро маҳкум кард.
Роҳиби тундрави масеҳӣ Террӣ Ҷонс, ки “Қуръон”-ро дар моҳи март бо ҳидояти ӯ сӯзонданд, дар хушунатҳои пурқурбонӣ дини Ислом ва ҷангиёни исломиро айбдор кард.
XS
SM
MD
LG