Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Ҳафтаи китоби кӯдак дар Душанбе


Рӯзи шанбе дар пойтахти Тоҷикистон «Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон» оғоз ба кор кард. Сафар Шоҳсаидов, намояндаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ин ҷашнвора, ки аз соли 2006 ба ин сӯ дар чорчӯби як барномаи даҳсолаи давлатӣ доир мешавад, ҷалбу ташвиқи хонандагони макотиб ба мутолиаи китобҳост.
Ифтитоҳи Ҳафтаи китоби кӯдак дар ҳолест, ки вазъи табъу нашри китоб барои кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон буҳронӣ арзёбӣ шуда, вазорати фарҳанг дар сол барои силсилаи «Китобхонаи мактаб» ҳамагӣ 235 000 сомонӣ ҷудо мекунад. Бо онки шумори хонандагони макотиби миёна дар Тоҷикистон болиғ аз 2 миллион нафар аст, солона дар ин кишвар барои кӯдакону наврасон чизе дар ҳудуди 150 000 нусха китоби бадеъӣ нашр мешавад, ки ҳатто ба эътирофи мақомот, нокофист.
XS
SM
MD
LG