Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО хабари ҳалокати чирикиҳоро таҳқиқ мекунад


Паймони низомии НАТО мегӯяд, ба таҳқиқи хабарҳое шурӯъ кардааст, ки мегӯянд, бар асари яке аз ҳамлаҳои ҳавоии НАТО дар Либия беш аз 10 чирикӣ кушта шудаанд. Сухангӯи НАТО Оана Лунгеску гуфт, “ҳадафи НАТО дифоъи мардуми мулкӣ ва манотиқи ғайринизомӣ аз таҳдиди ҳамлаҳост ва онҳо ин гузоришро ба омӯзиш гирифтаанд.” Чирикиҳое, ки алайҳи нирӯҳои содиқ ба ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ меҷанганд, мегӯянд, рӯзи ҷумъа бар асари бомббори як минтақаи байни Аҷдобия ва Бурайқа дар шарқи ин кишвари арабӣ дастикам 13 тан аз чирикиҳо ҷон бохтаанд. НАТО фармондеҳии амалиёти Либияро рӯзи панҷшанбе аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба дӯши худ гирифт.
XS
SM
MD
LG