Пайвандҳои дастрасӣ

Масимов дар бораи ниёзи Қазоқистон ба мухолифин


Масимов

Масимов

Сарвазири Қазоқистон гуфт, ин кишвар ба ҳузури мухолифин дар парлумони феълан якҳизбиаш зарурат дорад. Карим Масимов дар мусоҳиба бо Ройтерс гуфт, вуҷуди оппозисиюн ба таъмини ислоҳоти демократӣ ва заминаи рушди иқтисодии Қазоқистон мусоидат хоҳад кард. Масимов афзуд, давлати Қазоқистон рӯйдодҳои Африқои шимолӣ ва Ховари Миёнаро «бодиққат» пайгирӣ мекунад, вале бар фарқ аз он манотиқ, «мардум ва насли ҷавон дар Қазоқистон умедворанд, ки имкони пешрафт доранд.
Рӯзи якшанбе дар Қазоқистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир мешавад, ки ғолибан бо пирӯзии навбатии раҳбари феълиаш Нурсултон Назарбоев анҷом хоҳад ёфт. Назарбоев аз соли 1989, инак 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад.
XS
SM
MD
LG