Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабони чодарпӯш ба пойгоҳи НАТО


Пойгоҳи "Феникс"(аз бойгонӣ)
Пойгоҳи "Феникс"(аз бойгонӣ)
Як гурӯҳи маргталабони бурқаъпӯш субҳи шанбе ба як пойгоҳи НАТО дар минтақаи Ҳутхели Кобул, дар канори ҷодаи Кобул-Ҷалолобод, ҳамла оварданд. Бар асари ин ҳамла алайҳи пойгоҳи «Феникс» се сарбоз ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Намояндаи нирӯҳои амниятии Афғонистон Муҳаммадзоҳир гуфт, ҳамлагарон 4 нафар буданд. Аммо баъдан раҳбари пулиси Кобул Аюби Солангӣ маргталабонро 3 нафар баршумурд ва гуфт, ки ду тан аз онҳо худро мунфаҷир сохт ва якеи дигарро нирӯҳои амниятӣ ба ҳалокат расонданд. Ин дар ҳолест, ки сухангӯи НАТО дар бораи ду нафар будани ҳамлагарон ҳарф зада, гуфт, танҳо якеи онҳо маргталаб будааст. Дар поёни соли 2009 бар асари як ҳамлаи дигар ба пойгоҳи «Феникс» 9 сарбози НАТО ҷон бохта буд.
XS
SM
MD
LG