Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Троблус пешниҳоди оташбаси чирикиҳоро радд кард


Давлати Либия пешниҳоди оташбаси чирикиҳоро радд кард. Сухангӯи давлат Мӯсо Иброҳим ин пешниҳодро «аҳмақона» номид. Раҳбарони чирикиҳо рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки агар ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ нирӯҳояшро аз тамоми шаҳрҳо берун кашида, ба ҳаққи интихоби мардум арҷ гузорад, чирикиҳо оташбасро хоҳанд пазируфт. НАТО гуфт, рӯзи панҷшанбе, дар рӯзи аввали фармондеҳии амалиёти Либияро бар дӯш гирифтани ин паймони низомӣ, алайҳи ин кишвари арабӣ 74 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом шудааст.
XS
SM
MD
LG