Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар эътирозҳои Қандаҳор 5 тан кушта шуданд


Эътирозҳои хунини Мазори Шариф
Эътирозҳои хунини Мазори Шариф
Рӯзи шанбе дар шаҳри Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи дар Амрико сӯзондани «Қуръон» 5 нафар кушта ва 46 тани дигар захмӣ шуданд. Залмай Аюбӣ, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, ин афрод замоне кушта шуданд, ки издиҳоми иборат аз чандсад нафар даст ба хушунат ва сӯзондани мошинҳову дӯконҳо зад.
Рӯзи ҷумъа бар асари чунин эътирозҳо дар шаҳри Мазори Шариф, дар шимоли Афғонистон, ки ба ҳамла болои дафтари СММ печид, 8 хориҷӣ ва 4 афғон ҷон бохтанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ин қатлҳоро маҳкум кард. Террӣ Ҷонс, роҳиби як калисои кӯчак дар аёлати Флорида, аз ин ҳаводис изҳори таассуф кард, вале гуфт, кадом эҳсоси масъулият намекунад.
XS
SM
MD
LG