Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО дар Душанбе корхонаи ноқилсозӣ хоҳад сохт


Ширкати ТАЛКО мегӯяд, дар соли ҷорӣ дар Душанбе корхонаи нави тавлиди ноқилҳоро ба истифода хоҳад дод. Иқтидори ин корхонаи ҷадид тавлиди 10 000 тонна ноқил дар сол баровард шудааст. Интизор меравад, ин корхона то 500-600 нафарро ба кор фаро бигирад. Ҳадаф аз таъсиси корхонаи ноқилсозӣ боло бурдани сӯдоварии тавлидоти ТАЛКО гуфта мешавад, чунки нархи як тонна ноқили алюминӣ феълан то 5000 долларро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки як тонна алюминийи аввалия, фаровардаи аслии ширкати ТАЛКО, дар бозор тақрибан 2500 доллар қимат дорад.
ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, солона беш аз 400 000 тонна алюминий тавлид мекунад, вале мунтақидонаш мегӯянд, аз фаъолиятҳои ин корхона ба будҷаи давлат маблағи ночизе ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG