Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони корӣ ҳам нафақа мегиранд?


Дар шаҳри Остона симпозиуми дурӯзаи минтақаӣ роҷеъ ба масоили муҳоҷирати корӣ баргузор шуд.

Дар он намояндагон аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Русия як ҷо бо Созмони Ҷаҳонии Кор масъалаҳои танзими муҳоҷирати корӣ, ҳамкории ниҳодҳои зидахли ин кишварҳо ва дурнамои равандҳои муҳоҷиратро баррасӣ карданд.
Агар касе дар Русия 5 сол кор кунад, вай мисли ҳамаи дигарон ҳаққи дарёфти нафақа дорад. Вале ин ҷо як суоли дигар пайдо мешавад ва он ба шарту шароити қарордод вобаста аст, ки он масъалаҳои кориро фаро мегирад ё масъалаҳои иҷтимоӣ низ ба он дохил мешавад...


Яке аз ҳадафҳои баргузории ин симпозиуми байналмиллалӣ ҷалби кордиҳандагон ва иттиҳодияҳои синфии кишварҳои мухталиф ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати корӣ буд. Ба ин манзур, созмондиҳандагони симпозиум коршиносонро аз пажӯҳишгоҳҳо низ даъват карда буданд, то равандҳои муҳоҷирати кориро биомӯзанд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо хонум Сандра Вермайтен, раиси минтақаии Созмони Ҷаҳонии Кор дар Маскав ва яке аз баргузоркунандагони ин симпозиум, ки дар рӯзҳои симпозиум дар Остона қарор дошт, пурсидем, ба кадом масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати корӣ дар ин ҳамоиш бештар таваҷҷӯҳ доштанд?

Сандра Вермайтен
Вермайтен:
“Дар чаҳорчӯбаи ин симпозиум танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ ва роҳҳои беҳтари ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд, ки онҳо чӣ тавр метавонанд аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар ин минтақа ҳимоят кунанд. Ба ҳар ҳол, масъалаи асосӣ ин аст, ки бисёре аз муҳоҷирони корӣ ғайрирасмӣ кор мекунанд. Ба ҳамин сабаб, корҳои зиёде бояд анҷом дод, то онҳоро аз ин ҳолат берун бикашем ва дарвоқеъ аз ҳуқуқи онҳо дифоъ кунем.”

Суол: Шумо ин ҷо ёдоварӣ кардед, ки бисёре аз муҳоҷирон ғайрирасмӣ кор мекунанд. Агар мо ин нуктаро дар назар бигирем, ки бисёре аз муҳоҷирон дар давоми ин 15-20 соли раванди муҳоҷират ба синни нафақа расидаанд, пас ин суол пеш меояд, ки онҳоро дар пиронсолӣ кӣ бо нафақа таъмин мекунад, чун ин масъалаи муҳим аст ва ҳоло ин ҷониби масъаларо на қонунҳои кишварҳои содиркунандаи муҳоҷири корӣ ва на кишвари пазирандаи муҳоҷир, масалан Русия, дар назар нагирифтаанд. Оё дар симпозиуми Остона ин масъала низ баррасӣ шуд?

Вермайтен: “Албатта, нишасти ахири мо маҳз ба ҳамин масъала ихтисос дошт. Ин масъала воқеан хеле муҳим аст, на танҳо масъалаи нафақа, балки хадамоти тиббӣ низ. То ҳол дар чаҳорчӯбаи кишварҳои Ҷомеаи муштаркулманофеъ ҳеҷ қарордод роҷеъ ба пардохти ҳаққи бознишастагӣ ё нафақаи муҳоҷирони корӣ вуҷуд надорад. Вале онҳое, ки дар Русия ва дар Қазоқистон муддати муайян кор кардаанд ва агар дар синни нафақа дар он ҷо қарор дошта бошанд, ба қонунҳои нафақа дохил мешаванд. Вале тарафи дигари масъала ин аст, ки агар онҳо пас аз кор ба ватани худ баргарданд, бо нафақа таъмин хоҳанд шуд ё на? Баррасии ин масъала то ҳол идома дорад.”

Суол: Муҳоҷирони корие низ ҳастанд, ки бо кордиҳандагон қарордоди корӣ доранд. Масалан, дар Русия. Шояд ин қарордодҳо доимӣ нестанд, муваққатианд, вале онҳоро бо нафақа таъмин намекунанд. Ба назари шумо чаро ин тавр аст?
Раванди муҳоҷират дар ду соли оянда на танҳо ба Русияву Қазоқистон, балки ба Озарбойҷон низ афзоиш хоҳад ёфт ва ин раванд идома меёбад...


Вермайтен: “Агар касе дар Русия 5 сол кор кунад, вай мисли ҳамаи дигарон ҳаққи дарёфти нафақа дорад. Вале ин ҷо як суоли дигар пайдо мешавад ва он ба шарту шароити қарордод вобаста аст, ки он масъалаҳои кориро фаро мегирад ё масъалаҳои иҷтимоӣ низ ба он дохил мешавад. Баъзе қарордодҳо пардохти нафақа ё пардохтҳои иҷтимоиро дар бар намегиранд. Баъзе шаҳрвандони худи Русия низ ин гуна қарордодҳои корӣ доранд ва худашон барои нафақаашон маблағ захира мекунанд. Ин ба худи коргар вобаста аст ва ҳар кас аз роҳи системаи бима барои худ нафақа захира мекунад.”

Суол: Чӣ бояд кард, ки баъд аз бозгашт ба ватан муҳоҷири корӣ бо нафақа таъмин шавад?

Вермайтен: "Бояд дар ин замина мувофиқатномаҳо таҳия ва фондҳо ташкил шавад ва ин фондҳои байнидавлатӣ бояд бо якдигар ҳамкорӣ кунанд ва байни худашон дар ҳар давлате маблағи нафақаро пардохт кунанд."

Суол: Ба назари шумо, дар ояндаи наздик муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар хоҳад шуд ё коҳоиш меёбад?

Вермайтен: "Фикр мекунам, дар ояндаи наздик шояд кам нашавад. Эҳтиёҷ ба нерӯи корӣ дар Русия ва дар Қазоқистон бо рушди иқтисод вобаста аст. Раванди муҳоҷират дар ду соли оянда на танҳо ба Русияву Қазоқистон, балки ба Озарбойҷон низ афзоиш хоҳад ёфт ва ин раванд идома меёбад. Гузашта аз ин, мо медонем, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор кишварҳои дигар, минтақаҳои дигарро низ меомӯзанд. Масалан, Арабистони Саудиву Қатар ва кишварҳои дигари арабиро. Барои ҳамин, ба назари ман муҳоҷирати корӣ афзоиш меёбад ва мо умед дорем, ки ин раванд бештар танзим шавад."
XS
SM
MD
LG