Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мазори Шарифи Афғонистон 7 хориҷӣ кушта шудаанд


Мақомоти расмии Афғонистон ва сухангӯи СММ мегӯянд, дар ҳамлае ба намояндагии ин созмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон 7 корманди хориҷии СММ кушта шудаанд. Полис мегӯяд, ҳамлакунандагон аз ҷумлаи ширкаткунандагони тазоҳурот ба намояндагӣ ҳамла бурдаанд ва ин кормандонро ба қатл расондаанд. Сабаби тазоҳурот ин будааст, ки бино ба гузоришҳо, як роҳиби амрикоӣ нусхаи Қуръонро оташ задааст.
XS
SM
MD
LG