Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои мобилии Русия рӯзҳои наздик тронзити гуфтугӯҳои байналмилалии Тоҷикистонро коҳиш хоҳанд дод.

Далели ин кор, афзоиши беш аз ҳадди молиёт ё андоз аз гуфтугӯҳои байналмилалӣ унвон шудааст.
Хадамоти алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар соли 1996 тавассути ширкати "ТоҷикТел" ба роҳ монда шудааст. Аммо ба далели гаронии хидматрасонӣ, ин ширкат тӯли панҷ соли фаъолият ҳамагӣ 500 муштарӣ пайдо кардааст...


Дар ҳоли ҳозир андози арзиши изофа аз гуфтугӯҳои байналмилалии шабакаҳои мобилӣ дар Тоҷикистон 12 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои мобилии Русия мутобиқи конвенсияи Мелбурн, аз соли 1988, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, хадамоти мухобироти байналмилалӣ аз пардохти НДС ва ё арзиши изофӣ озод мебошад.

КӢ ХИСОРОТ МЕБИНАД?

Афзоиши молиёт барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ин ширкатҳоро водор кардааст аз тадбире кор бигиранд, ки дар ниҳояти амр бар зарари муштарӣ тамом хоҳад шуд.



Дар ҳоле ки дар бештари кишварҳо барои фаъолияти густарда ва васеи ин гуна ширкатҳо, шароити мусоид фароҳам шуда, давлат ба тавсеаи ин соҳа алоқамандӣ нишон медиҳад, ниҳодҳои масъули молиёт дар Тоҷикистон ширкатҳо андозҳоеро ба дӯши ширкатҳои мобилӣ бор кардаанд, ки пардохти онҳо ғайриимкон аст.

Ғафур Иркаев, раиси Иттиҳодияи дастраскунандаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: “Дар ҳоли ҳозир дар Кумитаи андоз ин санадро намеписандад ва ба иловаи андози аксизии сефоиза, ки аз январи соли ҷорӣ эъмол кардааст, аз занги даромад аз хориҷа низ молиёти афзуда бар арзиш ё НДС меситонад, ки ба ҳама меъёрҳои байналмилалӣ муғойират дорад ва мо инро ғайриқонунӣ меҳисобем. Дар ҳоле ки инро метавон ситондани дукаратаи НДС хонд."

Ҷаноби Иркаев гуфт, дар ин ҳолат бештар аз ҳама муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия зарар мебинанд. Зеро онҳо низ дар он ҷо ва ҳам дар ин ҷо барои гуфтугӯи телефонӣ маблағ месупоранд.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ба ин назаранд, ки барои ширкатҳои мобилӣ муҳити муносиби корӣ фароҳам шудааст. Ҳоло маълум нест, ки дар ҳолати рафтани ширкатҳои мобилии Русия, бозор то кадом андоза холӣ мешавад ва таъсири он рӯи муштарӣ чӣ гуна хоҳад буд.

"ТОҶИКИСТОН ПЕШСАФ АСТ"

Ба ақидаи Қадамҷон Сафиев, сардори нозироти алоқаи Тоҷикистон, далели ин гуфта, мизони болои истифода аз алоқаи ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои ИДМ аст: "Дар байни собиқ кишварҳои Шӯравӣ Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки аз ҷиҳати ширкатҳои мобилӣ дар сафи пеш қарор дорад. Аз рӯи ин нишондод метавон хулоса кард, ки ин бозор дар Тоҷикистон дар чӣ сатҳ қарор дорад."

Дар зимн, новобаста аз гаронии молиёт ё андоз, ширкатҳои мобилӣ талош , ки бо роҳандозии анвои мухталифи хидматрасонӣ, шумори муштариёни худро афзоиш бидиҳанд. Муҳиба Холиқназарова, сухангӯи ширкати "Вавилон-М" гуфт, дуруст аст, ки ҳанӯз шароити муомилаи ширкатҳои мобилӣ бо муштариён ба ҳадди кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ нест. Масалан наметавонанд хадамоти ройгони гуфтугӯ ва ё интиқоли СМС-ҳоро дар ҳамаи анвои таруфаҳо ҷорӣ кунанд, вале дар соатҳои муайян чунин шароит барои муштариён фароҳам шудааст.

Вай афзуд, “Масалан, аз соати 8-и бегоҳ то 8-и саҳар гуфтугӯ дар дохили шабака ройгон аст. Дар баъзе аз таруфаҳо барои истифодаи интернет аз соати даҳи шаб то ҳафти саҳар бепул. Ҳоло имкониятҳои телефони мобилӣ васеъ шудааст. Ба ғайр аз он, ки гуфтугӯ мекунад, ҳамчунин метавонед ба ҳангоми гуфтугӯ ҳамдигарро бубинед ва ё метавонед масалан билет барои ҳавопаймо фармоиш диҳед ва ё аз мағозаҳое, ки бо интернет пайвастанд, ягон маҳсулот бихаред."

МОБИЛ - ОСОНКУНАНДАИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

Ҳарчанд сухангӯи ширкати "Вавилон-М" гуфт, ки ҳоло мешавад бо истифода аз телефони мобилӣ, бисёр корҳоро аз хона истода анҷом дод аммо бештари истифодабарандагон дар Тоҷикистон онро танҳо бо ҳадафи гуфтугӯ истифода мекунанд.

Як хонуми сокини Душанбе дар ин бора мегӯяд: “Ман телефони мобилиро барои гуфтугӯ бо дӯстон, бо ёру рафиқон ва ҳамкорону волидон истифода мебарам. Барои ворид шудан ба интернет ва ё чизи дигар истифода накардаам."

Зимнан, хадамоти алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар соли 1996 тавассути ширкати "ТоҷикТел" ба роҳ монда шудааст. Аммо ба далели гаронии хидматрасонӣ, ин ширкат тӯли панҷ соли фаъолият ҳамагӣ 500 муштарӣ пайдо кардааст. Нахустин телефони мобилии воридшуда ба Тоҷикистон навъи стандарт "АМRS МОТОRОLА" будааст, ки онро асосан созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва бархе аз тоҷирон истифода кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG