Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Даръои Сурия хотираи қурбониёнро гиромӣ медоранд


Рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар дар шаҳри Даръои Сурия-воқеъ дар ҷануби ин кишвар раҳпаймоӣ анҷом доданд. Ин шаҳр ҳоло ба маркази ҷунбишҳои эътирозӣ табдил ёфтааст. Фаъолони мухолифон рӯзи ҷумъаро “Рӯзи қурбониён” эълон кардаанд ва гуфтаанд, ки бо ширкати густарда дар раҳпаймоӣ бояд хотираи 70 нафар қурбониёнро гиромӣ доранд. Дар давоми ду ҳафтаи тазоҳуроти эътирозӣ дар Сурия 70 нафар кушта шудаанд ва бештари онҳо дар Даръо ҳадафи тир қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG