Пайвандҳои дастрасӣ

Ду майдони ба ҳам мухолифи тазоҳурот дар Санъои Яман


Даҳҳо ҳазор нафар мухолифон ва ҷонибдорони Алӣ Абдулло Солеҳ-раиси ҷумҳури Яман дар шаҳри Санъо-пойтахти ин кишвар дар тазоҳуроти алоҳида ширкат доранд. Даҳҳо ҳазор нафар ҷонибдорони раиси ҷумҳур савори мошинҳо аз атрофи шаҳр ба пойтахт ворид шудаанд. Аммо мухолифони давлат дар майдони аслии шаҳр дар наздикии донишгоҳ гирдиҳам омадаанд ва аз раиси ҷумҳур тақозо мекунанд, ки баъд аз 32 соли ҳокимият аз мақомаш истеъфо диҳад. Раиси ҷумҳур дар назди ҷонибдорони худ суханронӣ кард ва гуфт, вай ҳозир аст барои кишвараш ҳар чизеро қурбон кунад. Вай бо ин суханон ба он ишора мекард, ки розӣ нест истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG