Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати "Бахт" барои бозпас гирифтани 800 ҳазор сомонӣ аз "Ориёнбонк", баҳсро ба Додгоҳи олии иқтисодии кишвар кашонид.

Додраси Додгоҳи олии иқтисодии кишвар Зебидамоҳ Хоҷабекова ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳоло дар бораи ин баҳси додгоҳӣ чизе гуфта наметавонад, зеро дар авоили ҳафтаи оянда мурофиаи ниҳоии шикоятии ҳар дуҷониб баргузор мешавад ва натиҷаи баҳс маълум карда хоҳад шуд.
Нуриддин Маҳкамов мегӯяд, баҳсу кашокашҳои давомдори шашсола ба вазъи ширкат ва низоми кори онро тақрибан ба ҳам задааст...


БАҲСЕ, КИ 7 СОЛ БОЗ ДАВОМ ДОРАД

Раиси ширкати "Бахт" Нуриддин Маҳкамов мегӯяд, қиссаи баҳси онҳо бо "Ориёнбонк" дуру дароз буда, ҳанӯз дар соли 2004 оғоз шудааст.

Ба қавли ӯ, пас аз он, ки дар соли 2003 ширкати "Бахт" ба корхонаи орди "Темурмалик"-и шаҳри Қайроқум гандум меорад ва маблағи ордро корхона баргардонда наметавонад, корхонаи мазкур аз чанд ширкатҳои дигар аз ҷумла аз "Ориёнбонк" низ қарздор мешавад.

Вале Додгоҳи иқтисодии Хуҷанд ба хотири баргардондани қарзи ширкати "Бахт" ва чанд ширкатҳои дигар бо шумули "Ориёнбонк", ҳалномаи худро содир мекунад ва дар ивази қарз, корхонаи бузурги ордро тақсим карданӣ шуда ба ширкатҳо баргардонданӣ мешавад.



Дар ҳамин шароит "Ориёнбонк" бо пешниҳоди ариза ба Кумитаи амволи давлатӣ ба хотири ҳифзи корхонаи "Темурмалик" мегӯяд, ки корхонаро аз худ намуда дар зарфи се моҳ қарзи корхонаро ҳам хоҳад пардохт. Ин амали "Ориёнбонк" ширкатҳои даъвогарро қонеъ мекунад.

Раиси ширкати "Бахт" Нуриддин Маҳкамов меафзояд: "Тибқи ҳалли додгоҳӣ бар ӯҳда гирифтанд, ки тамоми қарзҳои ҳамаи ширкатҳороро дар давоми се моҳ месупоранд, аммо дар зарфи чор-панҷ моҳи дигар, комбинатро ба ширкатҳои дигар "Асри 21" ва "Сомонсуғд" фурӯхта ва бо ин, "Ориёнбонк" мегӯяд, ки дигар масъули баргардони қарзи ширкатҳо аз ҷумла ширкати "Бахт" нест."

МАСЪУЛИ БОЗПАС ДОДАНИ МАБЛАҒ КИСТ?

Ба қавли ҷаноби Маҳкамов, "Ориёнбонк" бо фурӯхтани комбинати орд, дигар намехоҳад маблағи моро баргардонад. Дар ҳоле ки "Ориёнбонк" бо аризаи худ ба Додгоҳи иқтисодӣ баргардондани қарзро ба ӯҳда гирифта буд.

Ҳангоми сӯҳбат бо ҳуқуқшиноси "Ориёнбонк" Ёрибек Лаълбеков, мехостем ҳақиқати даъвои ҷониби "Ориёнбонк"-ро пурсон шавем, вале дар посух ҷаноби Лаълбеков хеле фишурда гуфт: "Ин масъала дар Додгоҳ дар сатҳи олӣ баррасӣ шуда истодааст ва идома дорад ва як баҳси иқтисодӣ аст ва ҳоло маълум нест, ки хулосаи додгоҳ чӣ гуна сурат хоҳад гирифт. Аз ин бештар феълан чизе гуфтан наметавонам."

Ба қавли намояндагони ширкати "Бахт", аз оғози баҳси додгоҳии онҳо бо шӯъбаи хуҷандии "Ориёнбонк", Ёрибек Лаълбеков ба ҳайси ҳуқуқшинос огоҳ аст.

Ба ин тартиб, дар мавриди натиҷаи баҳси соҳибкор Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати "Бахт" ва "Ориёнбонк" хулосае кардан барвақт аст, зеро мурофиаи шикояти даъвогии ширкати "Бахт" қарор аст дар таърихи 4-уми апрел баргузор шавад.

БАҲСҲОИ ДОДГОҲӢ - ЛАТМА БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Аммо ба қавли таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, чунин баҳсҳо ба сурати умум бештар ба ҷараёни рушди соҳибкорӣ дар кишвар таъсири номатлуб мегузорад. Нуриддин Маҳкамов мегӯяд, баҳсу кашокашҳои давомдори шашсола вазъи ширкат ва низоми кори онро тақрибан ба ҳам задааст.

Вале аксари соҳибкороне, ки бо фаъолияти тиҷоратию истеҳсолӣ машғуланд, кӯшиш мекунанд аз бонкҳо қарз нагиранд.

Баҳор Қамаров, коршиноси масоили иқтисодии Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд: “Фоизҳои ҳамагунаи ҳамаи бонкҳо, ки аз 24 то 36 дарсадро дар бар мегирад, бо шароити ягона пешниҳод мекунанд, айни замон барои фоизи истеҳсолии соҳибкорӣ авоқиби ногувор дорад. Як паҳлуӯи дигари қарздиҳии хатарнок барои соҳибкорон, мӯҳлати бисёр кӯтоҳи баргардондани қарз аст».

Вале намояндгони бонкҳои хусусӣ мегӯянд, ки сабаби баланд будани фоизҳои бонкҳо ба Бонки милии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Фоизро бояд Бонки миллӣ танзим кунад ва роҳҳои кам кардани онро мушаххас кунад. Зеро фоизҳои ҳангуфт муштариёнро барҳазар аз бонкҳо нигоҳ медорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG