Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба мошинҳои сӯхти НАТО дар Хайбари Покистон


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, тундравҳои исломӣ ба истгоҳи мошинҳои ҳомили маводи сӯхт дар шимоли ғарби Покистон ҳамла бурдаанд. Ин мошинҳо ба нируҳои НАТО дар Афғонистон маводи сӯхт интиқол медиҳанд. Ин ҳамла дар шаҳраки Ландӣ Кутал дар вулусволии қабиланиишини Хайбар дар наздикии марз бо Афғонистон рух додааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳамлакунандагон сари посбононро гирифтаанд ва 10 мошини ҳомили маводи сӯхт осеб дидааст.
XS
SM
MD
LG