Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Қазоқистон ба охирин рӯзи таблиғ расид


Аксарияти қотеъ дар Қазоқистон бар ин назаранд, ки Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур ва “раҳбари миллат” дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи якшанбе баранда мешавад. Ҳукумат аз ҳоло ба пирӯзии Назарбоев итминон дорад ва барномаҳои баъд аз интихоботии вайро танзим кардааст. Эрмуҳамет Эртисбоев-сармушовири сиёсии раиси ҷумҳур ба шабакаи телевизионии “Хабар” гуфтааст, вай ҳеҷ гоҳ ҳадафҳои сисёсии худро барои даҳсолаи оянда пинҳон надоштааст. Бо вуҷуди ин нозирони интихоботӣ гуфтаанд, ки Назарбоев ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду одилона баргузор накардааст. Аз сӯи дигар, рақибони қудратманди Назарбоев аз Қазоқистон фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG