Пайвандҳои дастрасӣ

Мегӯянд, агар мардуми Чин як рӯз рӯза бигиранд, ғизои захирашуда то абад ба мардуми Тоҷикистон мерасад.

Аммо аждаҳои оташнафаси Чин, "рӯза" намегирад ва баръакс иштиҳои он ба манобеи табиӣ рӯз ба рӯз меафзояд ва тоҷикону мардуми кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ инро худашон мебинанд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар нигоҳи аввал нияти Чин, нияти нек аст, аммо дар паси ин ният аҳдофи дарозмуддат аст...


Он гуна, ки дар матбуот ҳам мехонем, чиниҳо на фақат луқмаи худ, балки луқмаи онҳоро мехӯранд ва як далели нави он, иҷораи 2 ҳазор гектар замини ҳосилхези Тоҷикистон аз сӯи Чин аст, ки мақомоти расмӣ аз ифшои ҷузъиёти он ибо кардаанд, то ҷомеа ва матбуот он гуна, ки дар мавриди таслими 1100 километри мураббаъи қаламрави кишвар Чин ҳаёҳу бардоштанд, ҳаёҳу накунанд.

САРМОЯҲОИ ҲАНГУФТИ ЧИН БА ТОҶИКИСТОН

Ин ҳамсояи бузурги Тоҷикистон ва қудрати дуввуми иқтисодии ҷаҳон бо ҳамёни бетагаш, саховатмандона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ мекунад ва то кунун фақат барои Тоҷикистон бештар аз 1 миллиард доллар харҷ кардааст.

Роҳи Душанбе–Чаноқ бо арзиши 282 миллион доллар, хати баландшиддати нерӯи барқи шимолу-ҷануб бо арзиши тақрибан 270 миллион доллар танҳо ду тарҳест, Чин бо дасти ширкату коргарони худаш ва аз ҳисоби қарзи додааш ба Тоҷикистон сохтааст.



Нур Сафаров, шореҳи тоҷик зимни як шарҳи иқтисодӣ навиштааст, сармоягузорони Чин моиланд, албатта бо шарту шароити худ, ба иқтисоди Тоҷикистон 3 миллиард доллар сармоягузорӣ кунанд, ҳаҷме, ки ҳоло иқтисоди кишвар онро ҳазм карда наметавонад.

Аммо Тоҷикистон на танҳо ин сармоя, балки паёмадҳои дарозмуддати тавсиаи ҳузури Чинро низ ҳазм карда наметавонад. Наргис Кассенова, таҳлилгари қазоқ, ки масъалаи кӯмакҳои молии Чин ба Тоҷикистону Қирғизистонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд: “Дар ҳоли ҳозир сиёсати Чин чунин аст, ки ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад. Ҳама чиз дар сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва бар манфиати тарафайн идома дорад, вале агар муносиботу ҳамкорӣ афзоиш ёбад, ҳарчӣ ки дар дохили кишварҳои мо мегузарад, барои Чин муҳим хоҳад буд. “

ПОЙБАНДИИ САРМОЯИ ЧИН

Ба гуфтаи ӯ, Чин мехоҳад, аз роҳи сармоягузории арзону осон ба кишварҳои атрофаш дар Осиёи Марказӣ, “ҳалқаи кишварҳои босубот ва дӯстро” бисозад, вале барояш масоили ҳуқуқи инсон ва демократия дар ин кишварҳо муҳим нест. Баръакси Русия, ки дар ивази сармоя, ҷойи пой дар минтақа ва кишварҳои ғарбӣ, ки беҳбуди ҳуқуқи инсон ва таҳкими аркони демократиро тақозо мекунанд.

Музаффар Олимов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: “Чин дар масъалаҳои сиёсӣ пофишорӣ накардааст, мисле, ки Русия дар баъзе аз масъалаҳо дорад ва қудратҳои ғарбӣ, ки дар масъалаи ҳуқуқи башар ва ғайра дорад ва Эрон, ки нуфуз дорад. Чин дар ин масъалаҳо, ҳоло овози худро баланд накардааст, вале агар пойбанди маблағгузории Чин шавед, эҳтимол дорад, ин масъала ба мадди аввал биёяд.”

Ба гуфтаи Наргис Кассенова, Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари фақиртарини минтақа, мӯҳтоҷи сармоягузориҳои хориҷӣ ҳастанд, ки ҳардуро дар баробари фишорҳои хориҷӣ осебпазир мекунад ва ҳар қудрате, ки нуфузу таъсири бештар дар онҳо дошта бошад, дар ниҳоят сарнавишти тамоми Осиёи Марказиро рақам хоҳад зад.

"АЖДАҲОБАЧАҲО"-И ЧИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Музаффар Олимов: Ҷалби сармояи чинӣ барои Тоҷикистон хуб аст, аммо аз ҳад зиёд маҳдуд шудан ба сармояи Чин ба андешаи ман ба манфиати миллии Тоҷикистон нест...


Яке аз стротегияҳои рушди Чин, ташвиқ кардани ширкатҳо ё “аждаҳобачаҳояш” аст, ки луқмаи худро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ биҷӯянд. Ҳар ширкати чинӣ агар барои иҷрои тарҳе ба Тоҷикистон ояд, коргарони худро меорад ва бар асоси муқаррарот, 30 дар сади коргарони онҳо бояд аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ бошад, чизе ки ба сахтӣ риоят мешавад.

То соли 2008 Тоҷикистон барои 4 ҳазор коргари чинӣ раводид содир кардааст, аммо ҳоло бино ба гузоришҳо, теъдоди онҳо ба 30 ҳазор нафар мерасад.

Ҳоло ҳузури коргари чинӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон дар бозору роҳу корхонаҳо касеро ба ҳайрат намеорад ва мояи норизоиятии мардум ҳам шудааст, ки мегӯянд, мо худамон ҷойи кор надорем, аммо ҳукумат чиниҳоро ба кор даъват мекунад. Ба гуфтаи Кумитаи омори Тоҷикистон, 60 дар сади муҳоҷирони корӣ дар кишвар чиниҳо ҳастанд, миллате, ки як донишманди тоҷик дар матбуоти маҳаллӣ онҳоро “ҷаҳонхор” эҳтиёт кард”.

"УҚЁНУСИ МО ЧИН АСТ"

Дар Қирғизистон ҳам вазъ ҳам чунин аст ва бозорҳои кишвар пур аз коргарони қонунӣ ва ғайриқонунии сахткӯши чинӣ аст. Наргис Кассенова дар таҳқиқи худ навиштааст, мусоҳибонаш гуфтаанд, эҳтимол дорад, ки муҳоҷирони чинӣ ва зодагони онҳо дар оянда ба як аққалияти бузург табдил шуда ва қодир ба таъсиргузорӣ дар сиёсати Қирғизистон шаванд.

Тахмин мешавад, ки дар Қирғизистон аз 20 то 100 ҳазор муҳоҷирони қонуниву ғайриқонунии Чин ба сар мебаранд. Одил Байсалов, таҳлилгари қирғиз мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ бахусус Қирғизистону Тоҷикистон илоҷе ба ғайр аз ҳамкории наздик бо Чин надоранд ва бояд аз ин ҳамкорӣ ба таври аҳсан истифода кунанд: “Мо бояд, муносибот бо ин ҳамсояи бузурги худро на аз зовияи хатар, балки имконот нигоҳ кунем. Тоҷикистону Қирғизистон роҳ ба сӯи уқёнус ва бандарҳо надоранд ва уқёнуси мо Чин аст. Яке аз бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон, ки ба зудӣ дорои фанновариҳои пешрафта хоҳад шуд. Пешрафтатарин фанновариҳо низ аз онҷо хоҳад омад ва мо бояд омода он бошем, ки ҳамқадами замон бо онҳо ҳамкорӣ кунем.”

"АЖДАҲОИ ОТАШНАФАС" ДАР КАМИН АСТ

Аммо Музаффар Олимов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бояд кишварҳои минтақа дар ҳамкорӣ бо ин ҳамсояи бузург эҳтиёткор бошад ва фирефтаи ҳамёни бузургу дилкаши он нашавад: “Албатта ҷалби сармояи чинӣ барои Тоҷикистон хуб аст, аммо аз ҳад зиёд маҳдуд шудан ба сармояи Чин ба андешаи ман ба манфиати миллии Тоҷикистон нест. Хуб мешуд, ширкатҳову кишварҳои дигар ҳам ҷалб шаванд, аз ин хотир бояд як тавозуни муайян бошад, ки мо фақат пойбанди ҳамсоякишвар набошем ва нашавад, ки солҳои баъд, фақат ба даҳони Чин назар афканем. “

Ба даҳони кишваре, ки рамзи он “аждаҳои оташнафас” аст ва агар бихоҳад, тӯъмаашро дар як он фӯру мебарад, вале агар хашмгин бошад, сайди худро бо оташи даҳонаш дар як он сӯхтаву нобуд мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG