Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии паҳлавонони навраси тоҷик дар Санкт-Петербург


Дастаи мунтахаби наврасони гуштии юнониву румии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Николай Соловёв, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо 11 медал ғолиб шуд.

Дар ин мусобиқа 24 даста ширкат дошт. Тими мизбон – Санкт-Петербург пас аз дастаи Тоҷикистон дар ҷои дуввум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони навраси тоҷик Ҳусейн Саидов (29 кг), Рамзатулло Исоев (32 кг), Маъруф Қодиров (38 кг), ҳар се аз Душанбе, Фаррухрӯз Тиллоев (35 кг), Зулфиқор Қонунов (46 кг ) ва Ҷамшеди Раҷабалӣ (50 кг), ҳар се аз Кӯлоб, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Хайём Назарови душанбегӣ дар вазни 35 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Юсуф Давлатов (29 кг), Довуд Тошев (32 кг), Хушвахт Мӯсоев (35 кг) ва Аҳмад Каримов (38 кг), ҳама аз Душанбе, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG