Пайвандҳои дастрасӣ

Муаммар Қаззофӣ роҳи гурезро ҷустуҷӯ мекунад?


Муаммар Қаззофӣ

Муаммар Қаззофӣ

Бино ба хабарҳои матбуоти Британия, фиристодаи Муаммар Қаззофӣ дар Лондон қарор дорад, то дар бораи роҳҳои хуруҷи стротегии Қаззофӣ музокироти махфӣ анҷом диҳад. Бино ба гузоришҳо, Муҳаммад Исмоил аз дӯстони Сайф ул Ислом-писари Қаззофӣ дар ҷараёни боздиди ахири худ аз Лондон бо мақомоти расмии Британия музокира анҷом додааст. Вале вазорати корҳои хориҷии Британия ин хабарро таъйид накардааст. Ин хабарро чанд нафар аз мақомоти баландпояи давлати Қаззофӣ пахш кардаанд, ки аз давлати Қаззофӣ баромадаанд. Мусо Кусо-вазири корҳои хориҷии Либия яке аз ин мақомоти баландпоя аст, ки рӯзи чаҳоршанбе ба Британия фирор кард.
XS
SM
MD
LG