Пайвандҳои дастрасӣ

А. Абдуллоев: «Маҳз мазҳака истеъдоди ҳунармандро боз мекунад»


Аловуддин Абдуллоев

Аловуддин Абдуллоев

Имрӯз 1-уми апрел дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи ханда шинохта шудааст.

Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ва дигар аз марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон бо ширкати ҳавҷнигорону базлагӯён маҳфилҳо сурат мегирад. Дар чанд соли ахир ҳаҷвнигорони зиёде рӯи саҳна омадаанд ва театр -студияҳои ҳаҷву хандаро ташкил додаанд. Ба хусус дар чанд соли ахир театр - студияҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Ғарибшо компания», «Хандикамон», «Табассум» ва «Шӯхиҳои Аловуддин» хотири мухлисону алоқамандони ҳаҷвро бо барномаҳои шоди худ болида месозанд.



Аммо ҳаҷви Аловуддин Абдуллоев, ки ҳамзамон роҳбари театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа мебошад, вижагии худро дорад. Маҳз ин вижагӣ, ки бо номи "театри як ҳунарманд" маъруф аст, исми Аловуддинро дар миёни дастандаркорони ҳаҷв ва мухлисонаш маъруф гардондааст. Ба ин маънӣ, ки вай саҳнаҳои шӯху ҳазлиеро ба тамошо мегузорад, ки иҷрои чанд қаҳрамонро танҳо худаш ба ӯҳда дорад.

Аловиддин 46 сол дорад ва хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон аст. То кунун дар сӣ намоишномаи театрӣ нақш офарида ва ҳамчунин дар беш аз 10 филми ҳунарӣ ширкат кардааст. Мунаққидони театр ва синамо аз Аловуддин ба унвони ҳунарманди хушсалиқаи театр ва синамо ном мебаранд. Аловуддин Абдуллоев, дар иртибот ба Рӯзи ханда меҳмони Озодӣ буд.

Суол: Аловуддин Абдуллоев муборак бошад!

Ҷавоб: Ташаккур. Ташаккур. Аммо ба чӣ хотир ин табрикот, Иди Наврӯз, Иди театр ва ё ҷашнвораи «Парасту»!?

Суол: На, ин табрикот ба иде рабте надорад. Балки ба вазифаи нави шумо нисбат дорад.

Ҷавоб: Ташаккур, вазифа чизи хубе аст, чӣ вазифа будааст!?

Суол: Гуфтанд, шумо раиси Созмони занони ҳаҷвнигор таъин шудед?

Ҷавоб: Баҳ - баҳ, хеле хуб. Раиси созмони занони ҳаҷвнигор! Хеле масъулияти бузургро бар дӯши мо гузоштанд. Барои чӣ раиси созмони мардону занони ҳаҷвнигоре не!?

Суол: Хуб, Рӯзи ханда муборак бошад, Аловуддин ва ин як ҳазле буд дар ин рӯз. Зеро одате шудааст, ки 1 апрел мардум ба истилоҳ ҳамдигарро фиреб медиҳанд ва ин рӯзро «рӯзи дурӯғгӯён» низ мегӯянд. Аммо шудааст, ки шумо ҳам дар ин рӯз дигаронро фиреб дода бошед?

Ҷавоб: Агар ягон вақте фиреб дода бошам ҳам, он фиреби безарар ва шухӣ аст. Чунки ҳамин зиндагӣ бо шӯхиву шодӣ зебост. Албатта ин гуна ҳолатҳо бо дӯстону наздикон рух додаааст ва ин одатест, ки ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ сурат мегирад.

Суол: Шӯхие, ки дар оғози сӯҳбат шуд, бесабаб набуд. Зеро шумо муддати чанд соли ахир раҳбарии театр- студияи «Шӯҳиҳои Аловуддин» -ро бар ӯҳда доред ва саҳнаҳои шоду ҳаҷвиеро манзури тамошобинони телевизион мегардонед. Оре?

Ҷавоб: Ман ҳам сабаби ин шӯхиро пай бурдам. Чун театр -студияи «Шӯхиҳои Аловуддин», ки ин бозгӯи ба истилоҳ жанри «Театри як ҳунарманд» аст ва дар он ман бар иловаи нақши мардону муйсафедон, нақши занро низ меофарам ва шӯхии аввал низ ба ин хотир аст.

Суол: Воқеан иҷрои чанд нақш барои шумо дар як намоишнома ва ё саҳнаи телевизионӣ чӣ гуна даст медиҳад?

Ҷавоб: Медонед, ин аз он маводе ба даст меояд, ки мо пайдо ва интихоб мекунем. Агар қаҳрамон зан бошад ва ё ҷавоне ё мӯйсафеде. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳар се нақшро офарем. Албатта дар таҳияи ин саҳнаҳо, яъне иҷрои се нақш тавассути як худи ман, технологияи муосири телевизионӣ, ки ҳоло рушд кардааст, кӯмак мекунад.

Суол: Бо ин ҳам мушкилие пеш намеояд?

Ҷавоб: Мушкилӣ танҳо дар офаридани образу характери қаҳрамон аст. Агар қаҳрамон зан бошад, ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ин нақшро чунон офарам, ки ба ҳақиқат, ҳақиқати зан наздиктар бошад. Чун ба иззати нафси модарону хоҳарони азиз мо, ки ман ба истилоҳ раиси созмони занони ҳаҷвнигор ҳастам, нарасад ва хотири онҳо коста нашавад.

Суол: Беҳтарин. Пас қабл аз он, ки шумо театр-студияи «Шӯхиҳои Аловуддин» -ро таъсис бидиҳед, ҳунарманди театр ва ҳоло ҳам дар театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, фаъолият мекардед ва мекунед ва ба мазҳакаро низ дар ин театр часпидед?

Ҷавоб: Бале дар он намоишномаҳое, ки ман нақш офаридам, ҳам мазҳака, ҳам фоҷеа буданд ва жанрҳои мухталифи комедӣ буданд, Ин буд, ки ман ба мазҳака таваҷҷӯҳи бештар пайдо кардам. Ҳарчанд аз айёми кӯдакӣ дар қатори дигар жанрҳо, мазҳакаро ман дӯст медоштам ва ба он пайравӣ мекардам. Ин буд, ки ин майлу рағбат дар айёми донишҷӯӣ низ бештар шуд. Чунки устодони мо мегуфтанд, ки «маҳз дар мазҳака, дар комедӣ ҳунарманд худро мекушояд ва паҳлуҳои эҷодии худро нишон медиҳад».

Суол: Пас, аз назари шумо ҳамин жанр, жанри мазҳака ва ҳаҷв то куҷо рушд ёфтааст?

Ҷавоб: То андозае назаррас аст, ки мо устодони хуби ҳаҷв пайдо кардем ва онҳо фаъолият мекунанд. Аммо беҳтарин баҳоро ҳамеша тамошобин медод ва дода метавонад. Зеро маҳз тамошобин мунаққидони хубе ҳастанд. Албатта баъзе ҳаҷвнигороне, ки каме аз меъёр мегузаронанд, худашон оҳиста-оҳиста аз майдони ҳунарнамоӣ канор мешаванд, вале онҳое, ки муваффақ ҳастанд, ҳатман дар сафинаи ҳаҷв боз ба истилоҳ шино хоҳанд кард ва ба комёбӣ даст хоҳанд ёфт.

Суол: Дар гузашта ва ҳоло ҳам бархе аз ҳунармандони ҳаҷвнигор ташкил карда буданд театр -студияҳои «Усто ва Масто», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Очаи Бика ва Зика», аммо чаро шумо ба чунин иқдое даст назадед, балки «театри як ҳунарманд -ро созмон додед?

Ҷавоб: Албатта, дуруст гуфтед вале он чӣ, ки «театри як актёр ва ё ҳунарманд» метавонад диққату таваҷҷуҳи тамошобинро ҷалб кунад, маҳз чанд нақшро як актёр иҷро кардан барояш ҷолиб аст. Шояд таваҷҷӯҳи тамошобинро ҷалб кардани «Шӯхиҳои Аловуддин» ҳам ҳамин бошад, ки ман чанд нақшро мебозам. Чун ин маҳаки фаъолияти театрии як актёр аст. Аммо албатта мо шогирдон дорем ва онҳо тайёр мешаванд ва ин кор идома хоҳад ёфт.

Суол: Намоишномаҳо ва ё саҳнаҳоро низ худатон менависед, бале?

Ҷавоб: Оре, ман худам онро аз ҳаёти ҳаррӯзаи мардум ва албатта бо нозукиҳои ҳаҷву ҳазл ва бо ширингуфториҳояшон. Ин ҳама аз эҷодиёти халқ аст ва мо низ барои мардум хидмат мекунем.

Суол: Хуб, Аммо Шумо, ки чанд нақшро танҳо мебозед ва тақлид мекунед мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистонро бо шеваи гуфтори онҳо, ҳам узбактаборон ва ҳам мардуми Бадахшону Хатлон ва дигар ҷоҳоро. Оё то ҳол ба иззати нафси касе аз ин сокинон нарасидааст ва шуморо накӯҳиш накардаанд?

Ҷавоб: Бубинед, ин мардум аз ҳаҷву ҳазли ман лаззат мебаранд. Зеро ҳолатҳое шудааст, ки ҳамон сокинони узбактабор, бо шухии ман гуфтаанд, ки «Аловуддин ба фикрам худут аз мардуми мо астӣ!?». Дар ҳар сурат ман дар ҳама мардуми манотиқи Тоҷикистон ширингуфториро меҷӯям ва аз тариқи саҳнаҳои телевизионӣ мехоҳам то ҳама шод бошанд. Ин ҷо иззати нафси касеро коста кардан ва ё ранҷонидан нест, балки ман талош мекнам ҳаҷв, ҳазле, ки рӯи саҳна меорам воқеияти зиндагӣ бошад. Хоҳ ширингуфториҳои мардуми Бадахшону Хатлон ва ё Рашту дигар ҷо бошад. Инҷо ҳеҷ гуна паст задани ин мардум нест. Ҳадафи ман он аст, ки мардум биханданд ва ҳамеша шод бошанд. Чун мегӯянд, «ханда умри одамро дароз мекунад». Ман ҳам бори дигар Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи ханда шодбош мегӯям ва дар ҳақиқат, онеро, ки «дар лаб ханда аст, одамӣ дилзинда аст, Дар кадом хонае, ки гап сар кунад, он хона пур аз ханда аст».

Суол: Сипоси фаровон ва Рӯзи ҳаҷву ханда бори дигар барои Шумо муборак бошад.

Ҷавоб: Ташаккур.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG