Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С”


Tajikistan -- Logo of AFC U-16 championship, undated

Tajikistan -- Logo of AFC U-16 championship, undated

Дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала-Лумпур, қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC), қуръакашии сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - 2012 байни тимҳои мунтахаби наврасони то 16-сола баргузор шуд.

Ҳамагӣ 40 созмони миллӣ дархост додааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Ғарб (22 даста) ва Шарқ (18 даста) тақсим шуданд.

Бар асоси қуръакашӣ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Узбакистон, Қирғизистон, Баҳрайн ва Ҳиндустон рақобат хоҳад кард.

Натоиҷи қуръакашӣ:

Гурӯҳи А: Ироқ, Эрон, Бангладеш, Қатар, Фаластин, Шри-Ланка

Гурӯҳи B: АМА, Кувайт, Яман, Покистон, Афғонистон, Ҷазоири Молдив

Гурӯҳи С: Узбакистон, ТОҶИКИСТОН, Баҳрайн, Қирғизистон, Ҳиндустон

Гурӯҳи D: Сурия, Умон, Арабистони Саудӣ, Непал, Лубнон

Гурӯҳи E: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тимори Шарқӣ, Сингапур, Малайзия, Макао

Гурӯҳи F: Ҷопон, Ветнам, Тайван, Лаос, Кореяи Ҷанубӣ, Камбоҷа

Гурӯҳи G: Австралия, Индонезия, Тайланд, Ҳонконг, Мянмар, Гуам.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешқадам, инчунин, беҳтарин дастаҳои ҷои саввум (якдастаӣ аз минтақаҳои Ғарбу Шарқ) ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии мусобиқоти соли 2010-ум дар Узбакистон бо пирӯзии мунтахаби Кореяи Шимолӣ анҷом ёфта буд.

Вале дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд бо 1 имтиёз дар гурӯҳи А” мақоми охиринро ишғол кард ва аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG