Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Обидҷон, бузургтарин шаҳри кишвари Соҳили Оҷ, даргириҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Алассан Уаттар ва ҷонибдорони Лоран Гбагбо идома дорад.

Лоран Гбагбо дар интихоботи президентӣ шикаст хӯрд ва аммо аз интиқоли қудрат ба ҳарифаш Алассан Уаттар сарпечӣ мекунад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои Уаттар ба қароргоҳи Гбагбо дар Обидҷон ҳамла карда, телевизиони давлатиро таҳти назорати худ қарор доданд.

Аз ин пештар Уаттар марзҳои кишварро баст ва дар Соҳили Оҷ қуюди шабгардӣ эълон кард.

Ба иттилоъи телевизиони Би-Би-Си, айни ҳол нерӯҳои Уаттар 80 дар сади қаламрави кишварро ишғол кардаанд.

Баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи декабри соли гузашта бар асари задухӯрдҳо миёни ҷонибдорони Уаттар ва Гбагбо дар кишвари Соҳили Оҷ, воқеъ дар ғарби Африқо, беш аз 450 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG