Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини ҳукумати Сурия боз гирди ҳам меоянд


Мухолифини ҳукумати Сурия имрӯз дар кулли кишвар ҳамоишҳои эътирозӣ бо талаби ислоҳоти сиёсиро баргузор хоҳанд кард.

Дирӯз Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, хостори тафтиши ҳалокати тазоҳургарон дар шаҳрҳои Даръо ва Лозиқия шуд.

Ӯ ҳамчунин амр кард, ки барои баррасии мавзӯъи лағви вазъи изтирорӣ, ки тақрибан ним аср боз идома дорад, кумитаи вижа таъсис шавад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, ин кумита бояд то 25 апрел кори худро анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG